Аризадиҳандагон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод менамоянд, ки бо тартиби пардохти ҷуброн муайян шудаанд:
- барои шахси ҳуқуқӣ – ҳуҷҷате, ки шахсияти шахс(он)-и ваколатдорро, ки барои амал кардан аз номи ин шахси ҳуқуқӣ бе ваколатнома ба таври инфиродӣ ё якҷоя ваколат доранд, тасдиқ мекунад;
- ҳангоми муроҷиат бо талабот дар бораи пардохти ҷуброн намояндаи амонатгузор (ворис, ҳуқуққабулкунандаи шахси ҳуқуқӣ) ариза, ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, инчунин ваколатномаи нотариалӣ тасдиқшударо пешниҳод менамояд (ба истиснои шахс(он)-е, ки барои амал кардан аз номи амонатгузор, вориси ӯ, ҳуқуққабулкунандаи шахси ҳуқуқӣ бе ваколатнома ваколат доранд);
- ҳангоми муроҷиат бо талабот дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби ҳуқуққабулкунандаи шахси ҳуқуқӣ инчунин ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки гузариши ҳуқуқи талабот аз рӯи амонатро ба ҳуқуққабулкунанда тасдиқ мекунанд.
Агар ваколатҳои аризадиҳанда бо ваколатномаи дахлдор тасдиқ шаванд, он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.