Пули нақдро аз куҷо гирифтан мумкин аст?

Роҳи аз ҳама қулайи гирифтани пули нақд — ин банкомати Bank Uralsib мебошад. Бо маълумот дар бораи суроғаҳо ва реҷаи кори банкоматҳо метавон дар сайти бонк шинос шуд, инчунин дар воҳидҳои Bank Uralsib.

Лутфан, ҳангоми гирифтани пули нақд аз корт чанд қоидаи оддиро риоя намоед:

  • Пули нақдро дар ҷойҳои беодам ва дар банкоматҳои бонкҳое, ки ба шумо ношиносанд, нагиред.
  • Ҳангоми ворид кардани ПИН-код боварӣ ҳосил кунед, ки касе шуморо назорат намекунад, ва дар ҳолати зарурӣ клавиатураро бо дасти озод пӯшонед.
  • Пули нақдро аз банкомат фавран гиред, бе он ки сигнали огоҳкунандаро интизор шавед. Дар акси ҳол банкомат корт ва пули «фаромӯшшуда»-ро нигоҳ медорад. Барои баргардонидани онҳо, ба шумо лозим меояд ба бонк муроҷиат кунед.

Агар шумо фикр кунед, ки нисбати шумо қаллобӣ содир шудааст ё ПИН-коди шумо ба каси дигар маълум шудааст, ҳатман ба Маркази тамос-и Bank Uralsib муроҷиат кунед ва кортро масдуд намоед.

Он чизеро, ки меҷустед, наёфтед?

Шумо ҳамеша метавонед бо мо тамос гирифта, маълумоти ба шумо заруриро фаҳмед.

Барои зангҳо аз Маскав

+7 495 723-77-77

Дар саросари Русия ройгон

8 (800) 250-57-57